Ҳушдори Абдуррашид Дустум оид ба ДИИШ
Душанбе, 04.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Муовини аввали Раиси ҷумҳури Афғонистон Абдуррашид Дустум гуфтааст: «ДИИШ на танҳо барои Афғонистон, балки барои Осиёи Марказӣ ва минтақаи Қафқоз, аз ҷумла ҷамоҳири Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳам тарҳу барнома дорад».
Тибқи иттилои хабаргузории «Афғонистон.ру», Абдуррашид Дустум ҳушдор додааст, ки ДИИШ мехоҳад корҳоеро, ки дар Сурия ва Ироқ анҷом додааст, дар ин кишварҳо ҳам анҷом диҳад. Коршиноси Озарбойҷон Арастун Оруджлу низ бо ишора ба суханони муовини аввали Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар бораи таҳдидоти ДИИШ ва толибон барои минтақаи Қафқоз, бавижа Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт: «Беш аз ҳазор нафар аз атбои ин ҷумҳурӣ аъзои гурӯҳҳои такфирӣ ҳастанд. Бинобар ин интизор меравад давлати Боку дар муқобила бо ин масъала тасмими ҷиддӣ бигирад».
Зимни ин чанд рӯз пеш панҷ табааи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҷурми мушорикат дар ҷанги Сурия ва узвият дар гурӯҳҳои террористӣ — такфирӣ дар ин кишвар ба зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






