Владимир Путин вориди Душанбе шуд
Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Шоми имрӯз Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе шуд.
Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Президенти Русия Владимир Путинро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Дар назар аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот кунад. Дар ин мулоқот масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф ва мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои СААД ҳамаи президентҳои кишварҳои аъзо — Арманистон Серж Саргсян, Белорус Александр Лукашенко, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ва Русия Владимир Путин вориди шаҳри Душанбе шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






