Вохӯрии вазири корҳои дохилӣ бо Муовини ёвари Котиби давлатии ИМА
Душанбе, 02.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстеремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ аз ду мавзӯъҳои масъулаҳои асосии мулоқоти вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо муовини ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаноби Дэниел Розенблум буд, ки имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ баргузор шуд.
Вазири корҳои дохилӣ изҳор намуд, ки аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба мақомоти корҳои дохилӣ пайваста кумакҳои техникӣ расонида мешавад,ва таҷҳизоти тақдимгардида, барои мубориза бо ҷинояткорӣ ва терроризм истифода бурда мешаванд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба рафти ислоҳот дар милитсия ва мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Дар охир ҷонибҳо барои густариш додани ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА изҳори омодагӣ намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






