Вохўрии Зариф Ализода бо Адам Боднар
Душанбе, 29.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, ки имрўзҳо барои иштирок дар ҷаласаи солонаи САҲА (ОБСЕ) дар шаҳри Варшава қарор дорад, 28 сентябр дар доираи ин сафар бо Омбудсмени Ҷумҳурии Полша Адам Боднар мулоқот намуд.
З.Ализода ҳамтои худро ба муносибати ба мансаби Омбудсмени Ҷумҳурии Полша таъйин шудан табрик гуфта, дар ин ҷода барои ў муваффақиятҳо орзу намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба нақши Омбудсмен дар ҳимоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти ниҳодҳои худ дар ин самт ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба ибрози ақида намуданд.
Дар охир ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд эълон доштанд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






