Вокуниши Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ
Душанбе, 16.09.2015.(АМИТ «Ховар»).-Дар сомонаи ”Озодӣ” дар Интернет мақола зери унвони “Шаҳрванди Қирғизистон дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон захмӣ гашт” пайдо гардид ва дар он омадааст, ки гӯё сарҳадбонони тоҷик қонунро риоя накарданд.
Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ваколатдор аст вокуниш намояд, ки ҳодисаҳои дар мақола оварда шуда ҳақиқат надоранд.
Бо маслиҳати пешакии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистони минтақаи “Овчиқалъача” 11 сентябри соли равон соати 19:30 дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадӣ аз тарафи наряди сарҳадӣ ҳангоми адои хизмат аз самти Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тахминан ба 50-100 метр ғайриқонунӣ 2 адад автомашинаи «Дулан»-и бензовоз ворид мешаванд, ки ба амри сарбозон- «ИСТ!» мошини якум итоат накарда, мехост сарҳадбонони тоҷикро пахш кунад, лекин тахминан 200 метр дуртар он боздошт шуда, ба тафтиши ҳуҷҷатҳову дохили мошин оғоз мекунанд. Ронандаи мошини дуюм — шаҳрванди Қирғизистон — ҳангоми боздошт ба сарҳадбонони тоҷик зиддият ва муқовимат нишон дода, кӯшиши ба даст овардани яроқро мекунад. Сарбози дигар як тир ба ҳаво холӣ мекунад, ки пас аз ин ронанда мехоҳад бо мошинаш ба самти Ҷумҳурии Қирғизистон гурезад, аз тарафи наряди сарҳадӣ як тири дигар зада, ронандаро аз пояш захмдор мекунад, ки ҷароҳат на он қадар вазнин мебошад.
Аз тарафи шахсони номаълум мошини дуюм бо ҳарду ронанда ба Ҷумҳурии Қирғизистон гурезонида шуд, мошини якум тақрибан бо 50 тонна маводи сӯзишворӣ бо тартиби ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаи лозимӣ ба вазоратҳои дахлдор ва як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир шуда, ба шуъбаи ВКД ноҳияи Ҷаббор Расулов супорида шуд.
Ҳамзамон дар вақти рух додани ҳодисаҳои мазкур сарҳадбонони қирғиз ҷараёни ин муноқишаҳоро тамошо карда, оид ба ғайриқонунӣ вайрон намудани хатти сарҳади давлатии ду кишвар ягон чораҷӯӣ намекунанд.
12 сентябри соли равон соати 08:00 дар ҷои ҳодиса оид ба ҳалли ин масъала вохӯрии намояндагони сарҳадӣ гузаронида шуд, аз тарафи сарҳадбонони қирғиз барои нодуруст рафтор намудани сарҳадбони тоҷик ягон далел пешниҳод нашудааст. Ҳоло тафтиш идома дорад.
Хабарнигори радиои “Азаттык” (Хадамоти қирғизии РСЕ/РС) мебоист, ки иттилои дақиқ бигирад ва хонандагони муҳтарамро гумроҳ насозад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






