Ярмарка нархро поин мебарад
Хоруғ, 11.09 2015 (АМИТ «Ховар»,Файз Мирҳасан).-Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии вилоят, бо баргузоргузории ярмарка дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳр, дастранҷи худро ба фурӯш гузоштанд.
Деҳқонон маҳсулоти худро нисбат ба нархи бозор арзонтар ба фурӯш гузоштаанд. Як килограмм гӯшти гусфанд 28 ва чорвои калон 27 сомонӣ, як кг картошка яку ним ду сомонӣ қаммат дошт.
Сардори раёсати кишоварзии вилоят Назрӣ Назриев гуфт, ки ҳадафи асосии ин ярмаркаҳо ҷилавгирӣ аз боло рафтани нархҳо дар бозор аст. Дар ин ҷо ҳузури миёнаравҳо коста шуда, худи деҳқонону чорводорон маҳсулоташонро ба сокинон пешниҳод мекунанд.
Ба гуфтаи Назриев, бо дастури раиси вилоят дар ояндаи наздик дар бозори марказӣ барои хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ нуқтаҳои савдо кушода мешаванд, то соҳибони мол мустақиман маҳсулоти худро ба фурӯш гузоранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






