Задухӯрди ҷангиёни ифротгарои «Толибон»-у ДИ дар Нангарҳор
Душанбе, 04.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи бархӯрди ҷангиёни толибон бо террористони ДИ дар музофоти Нангарҳори Афғонистон 23 силоҳбадаст маҳв гардид.
Бино ба иттилои хабаргузории «Пажвок», дар музофоти Нангарҳор байни толибон ва аъзои ДИ задухӯрд сурат гирифт. Дар натиҷа аз ҳарду ҷониб 23 ҷангӣ маҳв гардида, 8 тани дигар захмӣ шуданд. Бар асари ин даргирӣ якчанд сокини осоишта ҳалок гашта, 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, террористони ДИ ба сӯи сокинони осоишта тир кушода, якчанд хонаи онҳоро оташ задаанд. Онҳо иддао доштанд, ки 14 сокини маҳаллӣ ҳалок гашта, 22 нафар аз ҷониби аъзои ДИ рабуда шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






