Занон хоинони миллатро маҳкум менамоянд!
Душанбе, 26.09.2015. (АМИТ «Ховар»,Лайло Тоирӣ). -Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ бо иштироки фаъолзанон ва бонувони барӯманди ҷумҳурӣ мизи гирд баргузор гардида, дар он бобати нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи кишвар, таъмини амнияти ҷомеа аз ҷониби мақомоти қудратӣ, зиракию ҳушёрии шаҳрвандон, ҳамкории онҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон вобаста ба воқеаҳои дар моҳи сентябр дар кишвар рухдода низ суҳбату андешаронӣ намуда, рафтори ноҷавонмардонаву хилофкоронаи Ҳ. Назарзода ва тарафдорони ӯро ҳамчун фарзандони нохалафу хоинони миллат маҳкум карданд. Дар маҷлиси мазкур занону модарон фикру дархостҳои худро нисбат ба ин ҳодисаҳо иброз намуда, пешниҳод намуданд, ки дар масъалаҳои рӯ овардани занон ба фарҳанги бегона ва роҳ надодан ба ақидаҳои бегонапарастӣ байни тамоми кормандони вазоратҳо, идораҳо ва муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият масъулияти роҳбарони аввал баланд бардошта шавад.
Тавре ки аз Кумитаи кор бо занон ва оила иттилоъ доданд, кормандони кумита бо мақсади вусъат бахшидани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ вобаста ба масъалаи мазкур баробари сар задани чунин нооромиҳо дар кишвар ҳамарӯза дар маҳаллаву шаҳракҳои шаҳри Душанбе бо занону модарон вохӯриву суҳбатҳо доир намуда, ҳодисаҳои рӯзҳои охирро қотеъона маҳкум намуда истодаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






