100 ҳазор сомонӣ- барои ҷоизадорони «Ҷоми Президенти Тоҷикистон»
Душанбе, 01.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-5-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе 3-юмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Тоҷикистон» баргузор мешавад. Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонони 15 кишвари ҷаҳон, аз қабили Афғонистон, Русия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Миср, Муғулистон, Италия, Куба ва Юнон иштирок намуда, барои «Ҷоми Президент» миёни ҳам рақобат мекунанд.
Ба иттилои президенти федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов, варзишгарон миёни ҳам дар вазни мутлақ рақобат мекунанд. -Барои ҷоизадорони мусобиқа, ки ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд, 100 ҳазор сомонӣ мукофот муайян гардидааст. Барои ғолибони мусобиқа ҷойҳои якум, дуюм ва ду ҷойи сеюм муайян гардидааст,-афзуд Нурулло Лоиқов.
Ҳамчунин ӯ гуфт, ки мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди ин намуди варзиш мебошад, зеро ки имрӯз кишвар ҳама гуна имкониятро доро мебошад ва бояд аз он самаранок истифода намоем.
Дар мусобиқа, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи дзюдои Тоҷикистон доир мешавад, беш аз 40 паҳлавон ширкат меварзад.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз соли 2013 ҳамасола бо иштироки доираи васеи паҳлавонони Осиёву Аврупо, Африқову Амрико гузаронида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






