126 ҳазор занону духтарон ба соҳибкории инфиродӣ машғуланд
Душанбе, 09.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади боз ҳам васеътар намудани дастрасии соҳибкорон, аз ҷумла бонувони соҳибкор ба захираҳои қарзӣ, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» фаъолият менамояд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағгузорӣ шуда, дар тўли солҳои 2013-2014 аз ҷониби фонд 103 лоиҳа ба маблағи 73 миллиону 408 ҳазор сомонӣ дастгирӣ ёфтааст, ки аз он 10 лоиҳа ба занони соҳибкор рост меояд. Барои рушди сохтори дастурии соҳибкории занон низ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Тавре ки аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ хабар доданд, бо ибтикори бонувони соҳибкор як зумра созмонҳои соҳибкорӣ, ассотсиатсияҳои соҳавӣ ва ширкатҳои хусусии истеҳсоливу тиҷоратӣ таъсис шуда, фаъолияти пурсамар доранд.
Пас аз андешидани тадбирҳо барои дастгирии соҳибкорӣ, аз ҷумла бонувони соҳибкор, ҳоло шумораи умумии занони соҳибкор дар кишварамон беш аз 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 126 ҳазори он ба соҳибкории инфиродӣ машғул мебошанд.
Агар дар оғози даврони истиқлолият шумораи занони соҳибкор ҳамагӣ 64 нафарро ташкил медод, имрӯз шумораи корхонаҳои хурду миёна, ки роҳбаронашон занону духтарон мебошанд, ба 2 220 адад расидааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






