4,6 миллиард сомонӣ барои таъмини пешрафти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Октябрь 21, 2015 09:31

Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ “Ховар”). —  Тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят дар мадди назари доимии Роҳбари давлат қарор дошта, барои таъмини пешрафти шаҳру ноҳияҳои вилоят ва иҷрои барномаҳои минтақавии рушд дар буҷети давлатӣ барои солҳои 2016 – 2018 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 4,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора 21 октябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд иттилоъ дод.  
Президенти мамлакат афзуд, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳ баҳри пешниҳоди қарзҳо ба соҳибкорони ноҳияҳои дурдаст ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд додашуда дар ҳашт моҳи соли равон 2,1 миллиард сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд мебошад. 
“Танҳо соли гузашта ҷиҳати дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ дар вилоят 1,7 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 56 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои додашударо ташкил дода, дар муқоиса бо соли 2005 10 баробар зиёд мебошад”, — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.
Дар иртибот ба ин,  ба Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратии мамлакат тавсия дода шуд, ки минбаъд низ фаъолияти худро ҷиҳати рушди низоми бонкӣ равона сохта, доир ба соддагардонии расмиёти қарздиҳӣ, афзунсозии маблағгузориҳои қарзӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Октябрь 21, 2015 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!