767 вохӯрии Хадамоти муҳоҷират бо шаҳрвандони кишвар

Октябрь 12, 2015 09:49

Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ кормандони масъули раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор бо аҳолӣ 767 вохӯрӣ бо ҷалби 65 ҳазору  742 нафар гузаронида, масъалаи омодагӣ барои кор дар хориҷи кишварро фаҳмониданд. Аз ҷумла, дар ВМКБ 55 вохӯрӣ бо иштироки 5722 нафар, вилояти Суғд 97 вохӯрӣ бо иштироки 13 ҳазору 327 нафар, вилояти Хатлон 238 вохӯрӣ бо иштироки 14 ҳазору 123 нафар, шаҳри Душанбе 145 вохӯрӣ бо иштироки 9105 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 218 вохӯрӣ бо иштироки 18 ҳазору 465 нафар гузаронида  шуданд.
Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷират ҳадафи ин вохӯриҳо- пеш аз ҳама, фаҳмонидани муқаррароти қонунҳои Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои будубош дар самти муҳоҷират, гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ, сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои давлатии Федератсияи Русия, тартиби аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва гирифтани Патент барои кор, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ, эҳтиёт аз бемориҳои эҳтимолии сироятию эпидемиологӣ, расонидани кумакҳои молиявию маънавӣ ба аҳли оила, нигоҳ доштани оила ва пос доштани асолати он, инчунин риояи нангу номус ва одоби тоҷикона, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, миллию суннатӣ ва баргузории ҷашнҳои давлатию миллӣ мебошад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ ба дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавии Хадамоти муҳоҷират афзудааст.  

Октябрь 12, 2015 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!