Ҳаҷми қарзҳои дарозмуддат 23,7 фоиз афзуд
Душанбе, 28.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Аз рӯи маълумоти ҷамъбастии бонкӣ бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар интиҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,7 фоиз афзуда, маблағи 11 333,2 млн. сомониро ташкил намуд.
Аз ин маблағ 4 893,9 млн. сомонӣ ё 43,2 фоиз ҳамчун қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 6 439,4 млн. сомонӣ ё 56,8 фоиз ҳамчун қарзҳои дарозмуддат барои рушди иқтисодиёти кишвар равона шудаанд.
Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо пули миллӣ 0,56 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,94 банди фоизӣ паст мебошанд.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда ба 4 110,5 млн.сомонӣ баробар шуданд ва аз ин ҳисоб 734,1 млн.сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






