Абӯбакри Бағдодӣ аз мансабаш барканор шуд
Душанбе, 05.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои гуногуни расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ Абӯбакри Бағдодӣ аз мансабаш барканор шуда, ин созмони террористӣ ба ду гурӯҳ тақсим гардид. Тибқи иттилои расонаҳо, аз ҷумла «Ал- Маалума», «Ҳатталяавм», «Алиттиҷоҳ», «Иштартиви» ва 10 расонаи дигар ба нақл аз рӯзномаи «Ассабоҳ»: «Баъд аз пирӯзиҳои охири қувваҳои ҳарбии Русия дар ҷанг бар зидди ДИИШ байни фармондеҳони ин созмон нофаҳмиҳои фаровон ба вуҷуд омада, онҳо ҳукми барканории Абӯбакри Бағдодиро бароварданд. Ва дар ин ҳол Абӯбакр низ даст ба кор гардида, ҳукми эъдоми баъзе аз ин фармондеҳонро содир намуда, онро татбиқ кард. Ва ҳоло тибқи навиштаи манбаъ ДИИШ ба ду гурӯҳ- яке ДИИШ дар Ироқ ва дигаре дар Сурия тақсим гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






