Афғонистон хостори узвияти комилҳуқуқи СҲШ шуд
Душанбе, 08.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Роҳбарияти Афғонистон барои расидан ба мақоми узвияти комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай дархост ирсол намуд. Дар ин бора дабири кулли СҲШ Дмитрий Мезентсев иттилоъ дод.
«Дар ин маврид чанде қабл роҳбарияти Афғонистон ба Президенти кишвари раисикунандаи ин созмон дархост фиристодааст», — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамкорӣ бо Афғонистон бояд на танҳо дар робита ба мубориза бар зидди терроризм ё гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, балки ҳамчунин дар соҳаи савдо, иқтисод, фарҳанг ва гуманитарӣ сурат гирад.
Д. Мизентсев зикр кард, ки вазъияти Афғонистон дар рӯзномаи кори СҲШ мавқеи хоссаро ишғол ва масоили таъмини суботи минтақавӣ аҳамияти бештарро касб менамояд.
«СҲШ низоми нави афзалиятҳо-тавсеаи ҳамкории мутақобила дар фазои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстонаро ҳифз намуда, инкишоф медиҳад. Ин низ омили муайяни таҳкими амният ва субот мебошад, аз ин рӯ, дар мавриди маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба Афғонистон, мо бояд мавқеи кишварҳои аъзоро ҳамоҳанг созем»,-гуфт Д. Мезентсев.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






