Афғонистон: Маҳви 80 силоҳбадаст дар тозатарин амалиёти поксозӣ
Душанбе, 23.10.2015. (АМИТ «Ховар»). – Дар ҷараёни амалиёти поксозӣ дар давоми 24 соати гузашта, ки дар манотиқи гуногуни Афғонистон гузаронида шуд, 80 силоҳбадаст маҳв гардид. Дар ин бора имрӯз Вазорати дифои Афғонистон иттилоъ дод.
Бино ба изҳороти Вазорати дифои Афғонистон, дар натиҷаи амалиёт 80 силоҳбадаст безарар гардида, 31 тани дигар ҷароҳат бардоштааст. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки амалиёт дар музофоти Пактико, Каписо, Мадиан, Вардак, Зобул, Ҳирот, Бодғис, Қундуз ва Ҷузҷон гузаронида шуд.
Инчунин дар изҳорот омадааст, ки зимни амалиёт миқдори зиёди яроқу аслиҳа дарёб ва мусодира гардида, минаҳои сарироҳӣ безарар гардонида шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






