Афзоиши истеҳсоли ангур дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ
Душанбе, 31.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Мувофиқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то 23 октябр ба миқдори 78 ҳазору 150 тонна мева ва 63 ҳазору 568 тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст, ки истеҳсоли ангур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7616 тонна зиёд мебошад.
Ҳамзамон соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 18 ҳазору 024 гектар кишти полезиҳоро гузаронидаанд. То 23 октябр майдони 17 ҳазору 885 гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2205 гектар зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 214,4 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,5 сентнерӣ зиёд мебошад.
Ҳосили умумии полезиҳо ба миқдори 383 ҳазору 448 тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66 ҳазору 801 тонна зиёд мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






