Афзоиши масоҳати токзор-омили фаровонии ангур
Ҳисор, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Алҳол дар хоҷагиҳои навоҳии ҷумҳурӣ ангур пурра пухта расидааст ва ҷамъоварию ба сардхонаҳо интиқол додани он бомуваффақият идома дорад. Ҳамчунин ангурпарварон фурӯши ангурро дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷи ҷумҳурӣ идома медиҳанд. Масалан деҳқонони ноҳияи Ҳисор то имрӯз беш аз 13 ҳазор тонна ангурро ба фурӯш баровардаанд. Ҳосили интизорӣ имсол беш аз 35 ҳазор тонна аст, ки як баробар зиёд нисбат ба соли гузашта мебошад. Дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор барои 1 ҳазору 200 тонна ангур ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ сардхонаҳо таъсис ёфтаанд.
Ангурпарварони шаҳри Турсунзода низ имсол ҳосили фаровони ангур парвариш намудаанд. Бо сарварии деҳқони асил Ҳоҷӣ Камол Мадумаров дар хоҷагии «Боғи Сомон» барои муддатҳои мадид ва бе осеб нигоҳ доштани ангур ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 8 сардхона ташкил шудааст, ки дар худ беш аз 400 тонна маҳсулотро ҷой дода метавонад. Ангурпарварони шаҳри Турсунзода то имрӯз беш аз 15 ҳазор тонна ангур ҷамъ овардаанд ва ҳосили интизорӣ беш аз 30 ҳазор тонна аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






