Афзоиши захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳа
Душанбе, 27.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Тибқи нақша бо назардошти мавсимӣ будани коркарди конҳо аз 18 корхонаи истеҳсолӣ 15 корхона ба истихроҷи ангишт машғул мебошад.
Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав истихроҷи ангишт аз аввали сол то имрӯз, 27 октябри соли ҷорӣ ба 858 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 182 ҳазор тонна зиёд мебошад. Фурӯши ангишт дар ин давра 751 ҳазор тонна ё 87,5 фоизи ангишти дар соли ҷорӣ истихроҷгардидаро ташкил медиҳад.
То даҳаи аввали моҳи октябри соли равон аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дар муассисаҳои буҷавӣ бо назардошти бақияи соли сипаригардида ба миқдори 45556,6 тонна ангишт захира шудааст.
Дар айни замон, истихроҷи шабонарӯзии ангишт ба ҳисоби миёна 3000-4000 тоннаро ташкил медиҳад, ки муштариён метавонанд аз нуқтаҳои махсуси фурӯши ангишт ва анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт харидорӣ намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






