Агентии бокортаъминкунӣ барои кор ба Беларус даъват мекунад
Душанбе, 27.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, воқеъ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи академикҳо Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо-53 дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳоҷирони меҳнатии хоҳишмандро барои кор ба Ҷумҳурии Беларус даъват менамояд.
Талаботи ягона аз онҳо хуб донистани забони русӣ ва доштани касби сохтмонӣ мебошад. Нафароне, ки собиқаи тӯлонии меҳнатӣ ва дараҷаи касбии баланд доранд, соҳиби имтиёз ҳастанд.
Хоҳишмандон барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд ба Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ё Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа муроҷиат намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






