Ҳайати гурӯҳи кории Давлати Қатар ба Душанбе меояд
Душанбе, 30.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Ҳайати гурӯҳи кории Давлати Қатар 1 ноябри соли равон озими Душанбе -пойтахти Тоҷикистон мегардад. Зимни сафар ба Тоҷикистон ҳайати гурӯҳи кории Қатар аз сохтмони иншооти масҷиди калон, ки бо сармоягузории ин кишвар дар Душанбе бунёд мегардад, боздид менамояд. Ҳайати қатарӣ ҳамзамон бо роҳбарияти вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Бонки миллии Тоҷикистон ва «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мулоқот анҷом медиҳад. Интизор меравад, ки дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон гурӯҳи кории Давлати Қатар масоили марбут ба таҳкими ҳамкории мутақобилан судмандро байни ду кишвар дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, молия, бонкӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, ҳифзи ҳуқуқ, энергетика, нақлиёт, геология ва туризм баррасӣ намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳайати гурӯҳи кории Давлати Қатар роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо ва ширкатҳои ин кишвари арабӣ шомиланд. Сафари гурӯҳи кории Давлати Қатар ба Тоҷикистон то 3 ноябр идома меёбад. Давлати Қатар аз кишварҳои арабии Халиҷи Форс аст, ки дар Тоҷикистон ду тарҳи калон — сохтмони масҷиди бузург ва бунёди шаҳракеро дар Душанбе бо номи «Диёри Душанбе» сармоягузорӣ менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






