«Қалъаи Брест»- ифтитоҳгари Рӯзҳои кинои Беларус дар Тоҷикистон
Душанбе, 16.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Беларус дар чаҳорчӯбаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон дар Хонаи кинои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон имрӯз, 16 октябр ба нақша гирифта шудааст. Имрӯз барои дӯстдорони филмҳои беларусӣ филми бадеии «Қалъаи Брест» намоиш дода мешавад. Пагоҳ, 17 октябр ҳунармандони беларус дӯстдорони киноро ба тамошои филми бадеии «Нақшҳои мубаллиғон» даъват менамоянд. Бояд гуфт, ки ду филми болозикр ва боз 5 филми анниматсионии Ҷумҳурии Беларус аз 14 то 18 октябр аз тариқи шабакаҳои телевизионии ТВТ, ТВ «Сафина», ТВ «Баҳористон» ва ТВ «Пойтахт» намоиш дода мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Беларус ба таҷлили Рӯзи кинои тоҷик рост омадааст.
Аз 15 то 18 октябр дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Беларус доир мешаванд. Барои иштирок дар ин чорабинии фарҳангӣ дирӯз ҳайати намояндагони Беларус, иборат аз 37 нафар бо роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон омаданд.
Имрӯз, 16 октябр мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон, муовини вазири фарҳанги Беларус В. Черник доир гардид. Пас аз анҷоми мулоқоти расмӣ аз рӯи натиҷаҳои мулоқот нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус ҳамчунин бинандагон метавонанд аз ҳунарнамоии ансамбли давлатии рақсии Беларус баҳра бурда, аз намоишгоҳи расмҳо дар бораи Беларус дидан кунанд.
17 октябр ҳайати Беларус дар шаҳри Турсунзода барномаи фарҳангӣ доир намуда, бо ангурзори ин шаҳр шинос мешавад.
18 октябр намояндагони Ҷумҳурии Беларус бо маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе шинос шуда, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид менамоянд.
Дар ин рӯз маросими пӯшидашавии Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон барпо мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






