Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Душанбе, 16.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- 15 октябри соли 2015 дар шаҳри Остона ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.
Роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии кишварҳои аъзои ИДМ лоиҳаи изҳороти сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва дар бораи 70-солагии таъсиси Созмони Миллали Муттаҳидро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногуни ҳамкории низомӣ дар минтақа, аз ҷумла оид ба татбиқи лоиҳаи Консепсияи ҳамкории низомии давлатҳои аъзои ИДМ то соли 2020 ва рушду ташаккули муассисаи заминавии таълимии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи мубориза бар зидди расмикунонии маблағҳое, ки тавассути ҷиноят ба даст оварда шудаанд ва маблағгузории терроризм қобили қабул дониста шуданд.
Инчунин масъалаҳои соҳаи гуманитарӣ, аз ҷумла лоиҳаи «Стратегияи ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ то давраи соли 2020» низ тасдиқ шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






