Ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи корӣ бо дастгирии БРСММ
Душанбе, 09.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-8-уми октябри соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоти байналмилалӣ доир ба иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо таҳти роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назризода сурат гирифт.
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва масъулини ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими кишвар иштирок намуданд.
Дари ҷаласа иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 «Дар бораи Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар СУС» дар нуҳмоҳаи соли 2015 аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва гузориш оид ба корҳои дар ин самт ба сомон расонида, инчунин нақшаи пешбинишудаи ташкилоти байналмилалӣ шунида шуд.
Қобили тазаккур аст, ки то имрӯз Гурўҳи кории мазкур чор ҷаласаи кории худро бо иштироки васеи аъзои гурўҳ ва намояндагони ташкилоти байналмилалӣ баргузор намуд.
Чорабинии мазкур дар асоси Созишномаи дутарафа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва БРСММ дар доираи лоиҳаи минтақавии “Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” ташкил шуд.
Дар доираи ташаббуси мазкур БРСММ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мусоидат намуда, саъю кӯшишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС дастгирӣ менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






