Ҷалби сармоя — дастовардҳо ва монеаҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Октябрь 13, 2015 02:23

Душанбе, 13.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар  шаҳри Душанбе 14 октябр Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» дар доираи таҷлили «Рўзи соҳибкор» баргузор мегардад.
Форум барои муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, навгониҳое, ки дар фазои сармоягузории мамлакат ба вуҷуд омадаанд, ба роҳ мондани ҳамкории мустақими тиҷоратию иқтисодӣ байни соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, таҳкими ҳамкории дарозмуддат ва банақшагирии фаъолияти муштараки онҳо имконияти васеъ фароҳам хоҳад овард.
Форум дар толорҳои Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар бахшҳои алоҳида сурат гирифта, дар он  масъалаҳои мубрами рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ мегарданд.  
Дар назар аст, ки дар бахши якуми Форум Ҷалби сармоя — дастовардҳо ва монеаҳо масъалаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: рў ба сўи соҳибкорӣ, давлат барои ҳамкорӣ ва шарикӣ, истифодаи афзалиятҳои рақобатпазирӣ, тадбирҳо барои дастгирии соҳибкорону сармоягузорон дар шароити буҳронӣ, ҳамкории минтақаваӣ — истифодаи имкониятҳои сармоягузорӣ ва имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди соҳибкориву сармоягузорӣ баррасӣ гарданд.  Бахши мазкур таҳти сарварии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода доир гардида, мавзуъҳои пешниҳодшуда ба таври васеъ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.  
Хотиррасон мекунем, ки  дар арафаи баргузории форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра чорабиниҳо, аз ҷумла 8 октябри соли ҷорӣ мизи мудаввар оид ба рушди соҳибкорӣ байни занон, 12 октябр Форуми байналмилалӣ оид ба рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  9-10 октябр Анҷумани байналмиллалии иқтисодии «Иқтидори минтақаҳои озодӣ иқтисодӣ дар рушди минтақаҳо», аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябр Конфронси минтақвии «Имкониятҳои туристии мамлакат», аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 октябр Мизи мудаввари «Саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ» ва 8 октябр аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Саҳми бахши хусусӣ дар таъсиси ҷойҳои корӣ» доир шуданд.

 

Октябрь 13, 2015 02:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!