Ҳамкории БМТ бо СМВК Европа лтд

Октябрь 26, 2015 07:12

Душанбе, 26.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). -Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода 24 октябр бо  Масихико Ошима — директори генералии бонки Сумитомо Митсуи Бэнкинг Корпорэйшен Европа лтд (СМВК Европа лтд)  мулоқот доир намуд. 
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ, аз ҷумла қурби асъори миллӣ, тавозуни пардохт, сатҳи таваррум шинос намуда, изҳор дошт, ки бо вуҷуди идома ёфтани буҳрони иқтисодию молиявӣ дар ҷаҳон рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар нуҳ моҳи соли равон 6,2 фоизро ташкил намуд, сатҳи таваррум ба 3,6 фоиз баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 банди фоизӣ паст аст. Ҳамчунин дар ин давра ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар ташкилоти қарзӣ ба андозаи 22 фоиз зиёд шуд.  Маблағҳои қарзие, ки аз ҷониби бонкҳо ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ, корхонаҳо ва соҳибкороне, ки ҷойҳои нави корӣ ташкил менамоянд, дода шудаанд, хеле афзуданд. Номбурда дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки чун дар дигар давлатҳои олам дар натиҷаи буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ дар ҷумҳурии мо, бахусус дар низоми бонкии кишвар баъзе мушкилот ба миён омадаанд ва барои бартараф намудани онҳо моро зарур аст, ки доираи ҳамкории байналхалқии худро васеъ намуда, кумаку дастгириҳои техникиро ҷалб намоем. 
Таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши омода намудани мутахассисон, табодули таҷриба ва ҷалби кумакҳои техникӣ дар самти технологияҳои информатсионӣ бо СМВК Европа лтд ҳавасманд мебошад. 
Директори генералии бонки Сумитомо Митсуи Бэнкинг Корпорэйшен Европа лтд  Масихико Ошима бо хушнудӣ изҳор намуд, ки ин рӯз барои ӯ ҳамчун рӯзи махсус, яъне оғози ҳамкориҳои дуҷониба бо Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷаноби Масихико Ошима иброз дошт, ки умедвор аст минбаъд бонки онҳо дар инкишофи иқтисодиёти Тоҷикистон ва низоми бонкии он саҳми худро хоҳад гузошт. 
Номбурда омодагии хешро дар расонидани дастгирии техникӣ дар бахши технологияҳои информатсионӣ, омӯзиш ва такмили ихтисоси соҳаи бонкӣ ва оғоз намудани ҳамкории дуҷониба бо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон баён намуд. 

Октябрь 26, 2015 07:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!