Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия рушд меёбад
Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳафтаи равон дар шаҳри Анқара барои иштироки ширкатҳои бонуфузи туркӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сaфири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо раиси Иттиҳодияи палата ва биржаҳои Туркия Рифат Ҳисарҷиклиоғлу баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, саноати нассоҷӣ, кишоварзӣ, бунёд намудани корхонаҳои муштараки коркарди меваю сабзавот, сангҳои мармару хоро, нафту газ, иштирок дар лоиҳаҳои манзилӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва маҳсулоти сохтмонӣ, навсозии даромадгоҳҳои гумрукӣ ва барқарорсозии роҳи абрешим мубодилаи афкор намуданд. Дар доираи мулоқот Фаррух Шарипов бо Рифат Ҳисарҷиклиоғлу масъалаҳои маориф, табодули таҷриба барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи гуногуни иқтисодӣ барои гузаштани таҷрибаомӯзии мутахассисони тоҷик дар ширкатҳои бонуфузи туркӣ ва таҳсили шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар Донишгоҳи иқтисодӣ ва технологии Иттиҳодияи палата ва биржаҳои Туркияро (ТОББ) матраҳ намуданд. Инчунин зимни ҷаласаи кории Сaфири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо раиси Иттиҳодияи пудратчиёни Туркия Миттҳат Йинигун масъалаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи иншоот, энергетика ва корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣӯбаррасӣ гардиданд. Дар ҷараёни вохурӣ, Миттҳат Йинигун ишора намуд, ки моҳҳои наздик аз роҳбарони ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои тоҷикӣ ҷиҳати шиносоӣ ва ҳамкорӣ даъват ба амал хоҳад овард.
Зикр намудан зарур аст, ки ин гуна ҳамкорӣ метавонанд ба рушди бештари иқтисоди кишвар ва ҳамкории босамари Тоҷикистону Туркия таҳрик бахшанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






