Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Бошқирдистон дар Душанбе
Душанбе, 05.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Бошқирдистон ба кори худ оғоз кард.
Дар кори форум ҳайати соҳибкорон ва намояндагони 12 ширкати саноативу истеҳсолии Ҷумҳурии Бошқирдистон ва беш аз 20 корхонаи истеҳсолии Тоҷикистон иштирок дошта, роҳандозии ҳамкории дуҷониба ва фаъолияти минбаъдаро муҳокима намуданд.
Дар ҳамоиш раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид зикр дошт, ки форуми мазкур имкониятҳои зиёди тиҷоратиро миёни соҳибкорони ин ду кишвар фароҳам меорад.
Ба гуфтаи мавсуф: «Ҷумҳурии Бошқирдистон аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар доираи ин ҳамкории зич миёни ду палатаи савдо ва саноат созишнома баста шудааст».
Павел Геннадйевич Бармин, ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон, ки ҳайати соҳибкорон ва намояндагони ин кишварро роҳбарӣ дорад, гуфт: «Тоҷикистон аз шарикони боэтимоди кишвари мо ба шумор меравад, ки дар миёни кишварҳои ИДМ мақоми чорумро ишғол мекунад. Миёни Тоҷикистону Бошқирдистон асосан ҳамкорӣ дар самти ашиёи хом ба роҳ монда шудааст ва баъди бастани чанд созишнома бо корхонаҳои истеҳсолии ду кишвар ҳамкорӣ васеъ хоҳад шуд».
Баъди баррасию музокироти ҳамкориву имкониятҳои мавҷуда, созишнома миёни соҳибкорони ду кишвар баста шуд.
Мақсади ҳамоишро муовини раиси ПСС Тоҷикистон Асомиддин Ризоев, муттаҳидсозӣ ва васеъ ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодиву тиҷорати миёни соҳибкорони ду кишвар арзёбӣ намуд.
Ба гуфтаи Асомиддин Ризоев, созишномаҳое, ки аз ҷониби шарикон баста мешаванд, асосан дар самти энергетика, кишоварзӣ, нафт, саноат ва савдо мебошанд. Форуми мазкур муддати ду рӯз идома ёфта, ба соҳибкорони ҳарду ҷониб имкон медиҳад, ки шарикони боэътимодро пайдо кунанд. Баъди муҳокимаҳо ҳайати меҳмонон аз корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон дидан хоҳанд кард,-афзуд А. Ризоев.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






