Ҷамъоварии ҳосили хуби картошка ва сабзавот

Октябрь 31, 2015 06:06

Душанбе, 31.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Имсол дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 21 ҳазору 219 гектар кишти картошка гузаронида шудааст. Мувофиқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумхурӣ  то 23 октябр  майдони 20541 гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3402 гектар зиёд мебошад. 
То 23 октябр  хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 472 ҳазору 381 тонна картошка истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 88 ҳазору 890 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 230 сентнериро ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 сентнерӣ зиёд мебошад. 
Соли равон хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 28 ҳазору 233 гектар кишти сабзавотро гузаронидаанд, ки то 23 октябр  майдони 27 ҳазору 683 гектари он ҷамъоварӣ шудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4224 гектар зиёд мебошад. То имрўз дар ҷумҳурӣ ба миқдори 659 ҳазору 255 тонна сабзавот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба  соли гузашта 112 ҳазору 159 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 238,1 сентнериро ташкил медиҳад ва нисбат ба  соли гузашта 9,2 сентнерӣ зиёд мебошад.

Октябрь 31, 2015 06:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!