Ангишти ба Мурғоб воридшаванда аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад
Душанбе, 28.10.2015.(АМИТ «Ховар»).- Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба ҷамъияти матлуботи ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб барои ворид намудани ангишт имтиёзи андозӣ дод. Вакилони Парлумон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» илова ворид намуданд. Тибқи он 7 ҳазору 200 тонна ангишт, ки барои мавсими зимистонгузаронии солҳои 2015-2016 аз Қирғизистон ба Мурғоб ворид карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мешавад. Ҷамшед Каримзода -муовини аввали вазири молияи кишвар гуфт, ки маблағи умумии ангишти воридшаванда аз Қирғизистон 7 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 1 миллиону 720 ҳазор сомонӣ маблағҳои имтиёзӣ буда, 1 миллиону 360 ҳазор сомониро андоз аз арзиши иловашуда ва 360 ҳазор сомониро боҷи гумрукӣ ташкил медиҳад.
Ҷамшед Каримзода афзуд, ки эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 7200 тоннаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, истифодаи ангишт дар соҳаи маориф 950 тонна, тандурустӣ 287 тонна, фарҳанг 111 тонна, муассисаҳои буҷетӣ 300 тонна, аҳолӣ 3562 тонна ва қисмҳои ҳарбӣ 2000 тонна аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






