Қаноатмандӣ аз фаъолияти БАТР дар Тоҷикистон
Душанбе, 09.09.2015, (АМИТ «Ховар»).-Масъалаҳои муҳими омӯзишию тадқиқотӣ, аз қабили муайян намудани нақши Намояндагии доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҷумҳурӣ ва мусоидати он ба бахши тиҷорату мақомоти давлатӣ, сабабҳо ва усулҳои ҳамкорӣ бо бонки номбурда, самаранокии фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар маҳалҳо, саҳми он дар рушди мамлакат ва фарқи он назар ба дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, ки дар кишвари мо фаъолият доранд, зимни вохӯрии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Нуралиев бо муовини сардори Шуъбаи баҳодиҳии таҳлилӣ ва дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Леонард Кайт, ки 8 октябри соли равон баргузор гардид, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Муовини сардори Шуъбаи баҳодиҳии таҳлилӣ ва дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Леонард Кайт изҳор намуд, шуъбаи онҳо сохтори мустақил буда, танҳо ба Шӯрои мудирони бонк ҳисобот медиҳад ва вазифаи асосии он таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти намояндагиҳои бонк дар кишварҳои дунё ва баҳогузорӣ кардани натиҷаи кори онҳо мебошад.
Тибқи нақша кормандони шуъба аз 37 намояндагии доимии бонк, ки дар мамолики мухталифи дунё фаъолият доранд, дидан менамоянд, дар байни мутахассисони намояндагиҳо назарпурсиҳо мегузаронанд ва илова бар ин, бо роҳбарони вазорату ташкилот ва бонкҳои марказии ин ё он давлат мулоқот анҷом медиҳанд. Баъди анҷоми тадқиқоти худ ба Шӯрои мудирони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳисоботи муфассал пешниҳод мекунанд.
“Мо аз фаъолияти Намояндагии доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Душанбе қаноатманд ҳастем, зеро тайи солҳои тӯлонӣ бонки мазкур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад ва дар сармоягузории лоиҳаҳои муҳими бахшҳои давлатӣ, молиявӣ ва хусусӣ саҳми босазо гузоштааст. Ҳамчунин дар айни замон якчанд лоиҳаи дигар дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди ҷумҳурӣ мавриди амал қарор дорад”,-гуфт Ҷ.Нуралиев.
Ҷонибҳо дар анҷоми суҳбат бо бовар изҳор доштанд, ки таҳлил ва тадқиқи ҳамаҷонибаи фаъолияти Намояндагии доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Душанбе барои дар сатҳи сифатан нави ҳамкории судманд ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.








Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






