Арҷгузорӣ ба забони ноби тоҷикӣ
Рашт, 05.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшои Холиқ, омӯзгорон, донишҷӯён ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Зикр шуд, ки солҳои охир бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат ба қадру манзалати омӯзгор ва ҳамзамон ба забони ноби тоҷикӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Иди забони давлатӣ барои хар як фарди соҳибзабон муқаддас аст. Ҳар яки мо вазифадорем, ки барои софу беолоиш нигоҳ доштани ин забон кӯшиш кунем, фарҳангу тамаддун ва адабиёти пурғановати ниёгони хешро биомӯзем.
Ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо ҳунарнамоии хеш хотири иштирокдоронро шод намуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






