Қатъи фаъолияти ҲНИТ набояд мояи нигаронии аъзои қатории ҳизб бошад
Душанбе, 05.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар асоси аризаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эълон намуда, фаъолияташро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ намуд. Дар ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки роҳбарияти ҲНИТ дар содир кардани ҷиноятҳои характери террористӣ ва ифротгароидошта, гунаҳкор дониста мешаванд. Инчунин дар ҳалнома машѓул будани онҳо ба паҳн кардани иттилои иѓвоангезона махсус қайд карда шудааст. ҳ
Баъди аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ, оқибати ҳуқуқии аъзои он бояд мавриди баррасӣ қарор гирад. Тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати аъзои оддии ҳизб ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки агар онҳо ҳангоми дар ҳизби мазкур фаъолият карданашон ба ягон амали ҳуқуқвайронкунӣ (фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ) даст назада бошанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд. Чунки дар қисми 2-юми моддаи 20 Конститутсияи ҶТ гуфта шудааст, ки шахс барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Дар ин бора рўзи 3-юми октябри соли 2015 кормандони Прокуратураи генералии ҶТ дар суҳбати телевизионӣ иброз намуданд.
Дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд карда мешавад, ки «шахсоне, ки ихтиёӣ ҳизби мазкурро тарк мекунанд ва баъди манъи он бо ин хизб ҳамкорӣ намекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд».
Шахсоне, ки ҳуҷҷати аъзогии ин ҳизбро доранд, тибқи талаботи қонунгузорӣ ба сохторҳои таркибии вазорати адлия дар маҳалҳо бо аризаи баромадан аз ин ҳизб муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон, Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои ин ҳизб хотиррасон мекунад, ки шахсоне, ки фаъолияти худро дар ин ҳизб давом медиҳанд ё ин ки боз аъзои он мешаванд ё ин ки кӯшиши ташкили сохторҳои ин ҳизбро мекунанд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Бояд қайд кард, ки Суди Олии кишвар бо ҳалномаи худ нашри рӯзномаи «Наҷот», мавҷудияти Веб-сайти интернетии ҳизби номбурда ва воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизбро қатъ кардааст. Агар аъзои ҳизби манъшуда ва ё ягон шаҳрванди дигар ин санади Суди Олии ҶТ-ро ба инобат нагираду ба чунин фаъолияти манъшуда даст занад, тибқи қонунгузории ҶТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Хулоса, аъзои ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ягон кирдори ҷиноятӣ содир накардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.
Бинобари ин, аз аъзои собиқи ҲНИТ даъват ба амал оварда мешавад, ки қарзи шаҳрвандии худро дар назди миллат, Ватан ва давлати соҳибихтиёри худ софдилона иҷро намуда, дигар ба ҳизбу созмонҳои ифротгарову террористӣ напайванданд ва бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон бурда, бо саъйи озодона ба меҳнати созанда рў оваранд ва бо риояи қонунгузории ҶТ дар рушду нумўъ ва таҳкими осоиштагии ҷомеа қадамҳои устувор гузоранд.
Кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови АИҶТ:
Буриев И. доктори илмҳои ҳуқуқ
Гадоев Б номзади илми ҳуқуқ
Муродов С. номзади илми сиёсӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






