Ҷавони 20-сола зери тепловоз монд

Октябрь 31, 2015 04:44

Душанбе, 31.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — 30 октябри соли равон  тахминан соати 15.30 ронандаи тепловоз, марди 53-солаи сокини ш. Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти истгоҳи роҳи оҳани Душанбе-1 ба самти истгоҳи Душанбе-2 дар ҳудуди кӯчаи Саъдуллоеви ш.Душанбе, ҷавони 20-солаи сокини пойтахт, донишҷӯро, ки хати роҳи оҳанро аз ҷойи мамнуъ гузар мекард, пахш намудааст. 
Дар натиҷа пиёдагард, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 

Октябрь 31, 2015 04:44

Хабарҳои дигари ин бахш