Ҷавонони «Пешоҳанг» дар меҳмонии Сафорати Тоҷикистон дар Русия
Душанбе, 10.10.2015. (АМИТ «Ховар»). -Шоми дирӯз бо ташаббус ва дастгирии вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро як зумра ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» ба Федератсияи Русия сафар намуданд.
Ҷавононро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Сатторов Имомуддин Мирзоевич ва ҳайати расмии Сафоратхона дар шаҳри Маскав пешвоз гирифтанд.
Дар бинои Сафоратхона вохӯрии ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» бо намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия доир гардид.
Дар ҷараёни нишаст масъалаҳои тарғибу ташвиқи унсурҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, пешгирии ақидаҳои ифротгароёна ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҷавонони фаъоли тоҷикистонӣ дар Федератсияи Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг»-ро намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ, мушовири калони вазир Бухоризода Мансур Ғоиб ҳамроҳӣ менамояд.
Сафари ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия чанд рӯз идома ёфта, аз натиҷаи он иловатан иттилоъ дода мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






