Азим Иброҳим: Соҳилмустаҳкамкунӣ – кафолати ҳосили кишоварзӣ
Душанбе, 16.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар робита ба иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакент машварати кории муовини Сарвазир Азим Иброҳим оид ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, эмин нигоҳ доштани заминҳои кишоварзӣ ва азхудкунии заминҳои бекорхобида баргузор гардид.
Мутобиқи иттилои муовини Раиси Агентии беҳдошти замин аз ҳисоби Муассисаи давлатии сохтмони асосии Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 2 млн. сомонӣ ҷудо гардида, корҳои муайяни соҳилмустаҳкамкунӣ иҷро шуданд.
Тибқи маълумоти кумитаи замини минтақа дар асоси ҳисобҳои пешакӣ заминҳои назди соҳили дарёи Зарафшон дар шаҳри Панҷакент қариб 3000 га– ро ташкил медиҳанд.
Айни замон қисми камтари он ба истифода дода шудааст ин ҳам бошад аз ҳисоби маблағҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони инфиродӣ мебошад.
Таҷрибаи азхудкунии заминҳои бекорхобида назди соҳили дарёи Зарафшон нишон медиҳад, ки баъди гирифтани оби полезӣ сатҳи замин аз ҳисоби қум ва обовардҳои дарё ҳамвор гардида, дар давоми 2-3 сол ба беҳтарин замин, барои кишти шолӣ табдил мегардад, ки айни замон аз 1 га онҳо аз 65 то 110 сентнер ҳосили шолӣ мегиранд.
Дар мадди аввал барои азхудкунии 500 га замини бекорхобидаи қисмати рости соҳили дарёи Зарафшон сохтмони садди дарозиаш 1км лозим мебошад. Тибқи ҳисобу китобҳои пешакӣ ба ҳисоби миёна барои сохтмони ҳар як метри шартии садд, 2600 сомонӣ рост меояд. Ин имкон медиҳад, ки сокинони деҳаҳои Чубот, Чангал, Ҳавзак, Ваҳдат, Камар. Хуррамобод, Озодагон, ки аз набудани ҷойи кор ва надоштани замини кишоварзӣ танқиси мекашанд, бо заминҳои корами обӣ таъмин гарданд.
Баъд аз сўҳбат ва табодули афкор бо масъулин дастур дода шуд, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ набояд тавакалӣ, балки бо роҳҳои ҳалли муҳандисӣ анҷом ёбанд. Вобаста ба ин зарур мебошад, ки бо мақсади эмин нигоҳ доштани заминҳои ҳосилдиҳандаи соҳили назди дарёи Зарафшон, иқтидори нигоҳдории корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо назардошти таҷрибаи солҳои қаблӣ ва эҳтимолияти зиёдтарини шасти дарё анҷом дода шаванд. Инчунин дастур дода шуд, ки лоиҳаи азхудкунии 500 га замини бекорхобидаи тарафи рости соҳили дарёи Зарафшон бо ҳисобу китоби асоснок таҳия ва пешниҳод карда шавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






