Қазияи Сурия кишварҳои оламро ба ду лагер ҷудо мекунад

Октябрь 5, 2015 09:36

Душанбе, 05.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии арабии Сурия Башор Асад изҳор кардааст, ки Ховари Миёнаро аз терроризми байналмилалӣ танҳо Русия наҷот дода метавонад. Тавре ки нашрияи «USA Today» менависад, Башор Асад аз сафарбар шудани неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия дар мубориза ба муқобили гурӯҳи террористии ДИИШ изҳори қаноатмандӣ карда, гуфтааст, ки: «Эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА аз омилҳои носуботӣ дар Сурия мебошад. Ба андешаи Б.Асад:  «Кишварҳои ғарбӣ иғво меандозанд, то ин ки шаҳрвандони Сурия ба таври оммавӣ тарки манзил кунанд ва ин ҳолат ба бӯҳрони амиқе, ки Аврупо аз даврони ба анҷом расидани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ надида буд, оварда мерасонад».
Хотиррасон мекунем, ки аз 30-юми сентябри соли равон неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия бо дархости Сурия вориди ҷанг бо дастаҳои террористии гурӯҳи ДИИШ гардиданд. Тайёраҳои ҷангии ФР дар ҳамдастӣ ва ҳамоҳангӣ бо сохторҳои низомии Эрон, Ироқ ва Сурия парвозҳои худро анҷом медиҳанд. Дар Бағдод ситоди муттаҳидаи ин кишварҳо ҳамчун Эътилофи чор кишвар амал мекунад.  
Президенти Ҷумҳурии арабии Сурия Башор Асад муваффақияти Эътилофи чоргонаро бо боварӣ умедбахш номида гуфтааст, ки: «Дар сурати ғайр, мо ба шикаст ва харобазор шудани  ҳамаи минтақа дучор мешавем».
Бояд гуфт, ки кишварҳои Эрон, Ироқ ва Сурия аз ҳамроҳшавии Федератсияи Русия дар мубориза ба муқобили гурӯҳи террористии ДИИШ истиқбол намудаву эътилоф ташкил кардаанд. Кишварҳои Туркия, Фаронса, Қатар, Арабистони Саъудӣ, Британияи Кабир ва ИМА бошанд, тавре ки расонаҳои ҷаҳонӣ менависанд, хоҳони қатъ шудани бомбаборонкуниҳои неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия  дар ҳудуди Сурия мебошанд.

Октябрь 5, 2015 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд