Ба Ҳисор мақоми шаҳр дода мешавад
Душанбе, 27.10.2015. (АМИТ «Ховар»). -Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар ноҳияи Ҳисор тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 3000-солагии ин гӯшаи таърихии Тоҷикистон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон идома доранд. То ин замон сарвари давлат чандин бинову иншооти тозабунёдро, ки ба ифтихори ҷашни 3000-солагии Ҳисор қомат афрохтаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Тантанаҳои идона ба ифтихори ин ҷашни фархунда бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ноҳия идома ёфтанд. Сарвари давлат бо буридани лентаи рамзӣ, ба фаъолияти ин варзишгоҳ, ки дорои 20 ҳазор ҷои нишаст мебошад, ҳусни оғоз бахшид. Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисор бо харҷи зиёда аз 60 миллион сомонӣ аз ҷониби дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Баъд аз ифтитоҳи варзишгоҳ Президенти кишвар дар ибтидои суханронии худ изҳор дошт, ки аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурифтихори гузаштаи халқи куҳанбунёдамон, эҳё намудани ойину анъанаҳои неки миллӣ, тарғиби осори ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии миллати азизамон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи мо аз таҷлили ин ҷашни фархунда, аз як ҷиҳат ободу зебо гардонидан ва ба маркази муосири маъмуриву фарҳангӣ табдил додани ноҳияи Ҳисор бошад, аз тарафи дигар, ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихиву фарҳангии пурарзиши он мебошад, зеро мулки Ҳисор таърихи ниҳоят қадимӣ дошта, кохи бегазанд ва намунаи маданияти шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва кишоварзиву ҳунармандии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Сипас Сарвари давлат аз сарчашмаҳои таърихӣ, ки дар он номи Ҳисор бо шаклу унвони гуногун дарҷ шудааст, ёдовар шуда, изҳор дошт, ки мулки Ҳисор таърихан дар сари роҳи яке аз шохаҳои муҳими Роҳи бузурги абрешим мавқеъ дошта, муаррихон ва бостоншиносон ба ин назаранд, ки Шумон бо Чин ва Ҳиндустон дар Шарқ ва бо Мисру Византия дар Ғарб робитаҳои хуби тиҷоратӣ доштааст. Сарвари давлат аз дастовардҳои арзандаи сокинони ин гӯшаи Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ва бунёдкорию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 3000-солагии Ҳисор изҳори қаноатмандӣ намуда, дар интиҳои суханронии худ ба сохтору идораҳои дахлдор супориш дод, ки барои то аввали соли 2016 ҳамчун шаҳр ба расмият даровардани Ҳисор чораҷӯӣ намоянд. Ин пешниҳоди Сарвари давлатро кулли иштирокдорони ин маҳфили идона бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд. Сипас барномаи театрикунонидаи ҳунармандон ба ҷашнгоҳ таровати тоза бахшид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






