Ба тафтишоти пешакӣ дахолат нашояд
Душанбе, 18.10.2015 (АМИТ «Ховар»). — Давоми ду рӯзи охир баъзе расонаҳои иттилоотии Тоҷикистон дар бораи боздошт шудани Наҷмуддин Саидов — бародари раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб, хабар паҳн карда, иттилло доданд, ки гӯё Наҷмуддин Саидов «зимни гирифтани пора» дар ҳаҷми ниҳоят калон дастгир шуда бошад. Дар ҳамин маврид, хабаргузории «Faraj.tj» иттилоъ дод, ки боздошт шудани Наҷмуддин Саидов ба фаъолияти кории Абдуфаттоҳи Ғоиб алоқамандӣ надорад. Дар хабари мазкур омадааст, ки «далелҳои дар сайтҳои интернетии «Азия плюс», «Озодӣ», «Тоҷнюс» ба табъ расида, бархилофи меъёрҳои касбии ахлоқии фаъолияти рӯзноманигорӣ ба хонандагон пешниҳод гардида, ба ҳолати аслии кор умуман наздик нест. Ҳамзамон, сарчашма қайд намуд, ки тафтишоти пешакӣ оид ба парвандаи ҷиноятии номбурда идома дорад ва дар васоити ахбор ба ин мазмун ба табъ расонидани хабарҳо, аз ҷониби қонунгузор ҳамчун дахолат ба тафтишоти пешакӣ маънидод карда мешавад».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






