Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Муҳаммад Навоз Шариф
Душанбе, 28.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари зилзила дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки боиси ҳалокати садҳо ва захмӣ шудани зиёда аз ду ҳазор шаҳрвандони кишвар ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андӯҳгин намуд.
Аз номи худ, ҳукумат ва тамоми халқи Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Покистон ҳамдардии амиқ изҳор намуда, ба наздикони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил ва ба маҷрӯҳшудагон шифои комил хоҳонам».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






