Барномаи идомаи соли роҳҳои обод 107% иҷро шуд
Душанбе, 01.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Барномаи вилоятии «Соли 2015 — идомаи соли роҳҳои обод», ки бо мақсади таъмиру навсозӣ ва беҳтар намудани ҳолати роҳҳои ҳудуди вилоят қабул шудааст, 107,2 фоиз иҷро гардид. Тибқи маълумоти фаврии Шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси вилояти Суғд соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 117 км роҳ пурра мумфарш, 1337 км таъмири ҷорӣ ва 1890 км шағалпӯш шудааст.
Ба иттилои масъулин дар доираи Барномаи вилоятии «Соли 2015 — идомаи соли роҳҳои обод» соли равон дар маҷмӯъ ҳолати 3344 км роҳ беҳтар гардидааст.
Хотирнишон бояд кард, ки бо ибтикори раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ соли 2014 дар вилоят «Соли роҳҳои обод» эълон гардид. Дар соли сипаришуда беш аз 2800 км роҳҳои ҳудуди вилоят ба таъмиру навсозӣ фаро гирифта шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






