Баррасии ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар соҳаи ҷавонон
Душанбе, 02.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиот, роҳбари Намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон — Кетлин Макдоналд ва масъули масоили рушди барномаҳои сафорат Виллиам Триг мулоқот кард.
Зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА, лоиҳаҳо дар самти ҷавонон аз ҷониби Намояндагии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) тӯли солҳои фаъолияти хеш ва дигар масъалаҳои мубрам дар самти варзиш ва сайёҳӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо аз дастовардҳо, пешравиҳо ва корҳои ба анҷом расонидашуда дар самтҳои гуногун байни ду кишвар натиҷагирӣ карда шуда, аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






