Баррасии масъалаи таҳияи лоиҳаи озмоишии барномаи дастгирии АНМН
Душанбе, 30.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Масъалаи таҳияи лоиҳаи озмоишии барномаи дастгирии Агентии назорати маводи нашъовар 28 октябр зимни вохӯрии директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назарзода бо ҳайати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии муовини директори Раёсати назорати маводи нашъаовар Ким Ёнг Квон муҳокима гардид.
Дар вохӯрӣ инчунин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба маводи нашъаовар ва ҷинояткории муташаккил байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Корея, ки 22 сентябр дар шаҳри Чеҷуи Ҷумҳурии Корея ба имзо расида буд, баррасӣ шуд
Ба меҳмонон муаррифинома дар бораи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, таърихи ташаккул ва сохтори агентӣ, хатсайрҳои интиқоли маводи нашъаовар, чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ, ки кормандони агентӣ дар ҳамаи гӯшаҳои ҷумҳурӣ бо дастгирӣ ва иштироки бевоситаи намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Корея баргузор намуданд, манзур гардид.
Дар доираи лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Корея омӯзиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мубориза мебаранд, идома дода мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






