Беҳтар гардидани ҳолати 6450 километр роҳҳо дар вилояти Суғд
Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ “Ховар”). — Дар доираи барномаҳои қабулшуда, бунёд гардидани 380 корхонаву коргоҳҳои хурду миёна бо зиёда аз 8 ҳазор ҷойи корӣ, беҳтар гардидани ҳолати 6450 километр роҳҳо, мавриди истифода қарор гирифтани 59 иншооти гуногуни соҳаҳои тандурустиву сохтмон, таъмиру навсозии 163 иншооти соҳаи маориф, 44 иншоот дар соҳаи фарҳанг ва аз худ гардидани 330 гектар заминҳои нав аз натиҷаҳои хуби бадастомада гувоҳӣ медиҳанд. Ин нуктаро 21 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд иброз намуд.
Сарвари давлат илова намуд, ки дар қаламрави вилояти Суғд тайи даҳ соли охир дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, обрасонӣ, нақлиёту энергетика, хоҷагии манзиливу коммуналӣ ва гумруку андоз 45 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 6 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор дошт, ки аз он 33 лоиҳа ба маблағи 5,2 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 12 лоиҳаи дигар бо маблағи беш аз 750 миллион сомонӣ идома дорад.
Илова бар ин, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бо мақсади рушди иқтисодиёти вилоят ба маблағи 656 миллион сомонӣ сармоягузорӣ суръат гирифтааст, ки 429 миллион сомонӣ ё 66 фоизи онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






