«Биёед ба китобхона меравем»-чорабинии фарҳангӣ дар КМТ
Душанбе, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Тавре ки сардори шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров иттилоъ дод, 21 -уми октябри соли равон соати 14:00 дар ошёнаи дуюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Биёед ба китобхона меравем» доир мегардад.
Дар назар аст, ки дар чорабинӣ зиёда аз 100 нафар устодону донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Бояд гуфт, ҳадаф аз баргузор намудани чорабинии мазкур тарғиб ва ҷалб намудани донишҷўён ба китобу китобхона мебошад.
Дар чорабинӣ миёни директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки чорабинӣ бо иштироки донишҷўёни давлатии Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар назар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






