БМТ: роҳандозии ҳамкории судманд
Душанбе, 16.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-15 октябр дар Бонки миллии Тоҷикистон се мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони бонки хориҷӣ ва ташкилоти байналмилалии молиявӣ доир гардид.
Тибқи иттилои БМТ, Ҷамолиддин Нуралиев бо раиси Шӯрои мудирони «AccessHolding» Томас Енгелхард ва раиси раёсати «АксесБонк Тоҷикистон» Удо Шедел мулоқот намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти «АксесБонк Тоҷикистон», омода намудани мутахассисони маҳаллӣ барои бонк, баланд бардоштани дониш, таҷриба ва касбияти кормандони он, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои шустушӯи пулҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада ва дигар паҳлуҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Ҷамолиддин Нуралиев бо мудири минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба Осиёи марказӣ Муаззам Мекан, ки дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2015 таҳти унвони “Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор” дар Душанбе қарор дошт, мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ ҳамчунин роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Манижа Мамаднабиева иштирок кард.
Зимни суҳбат иброз гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷонибдори ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд мебошад. Таъкид гардид, ки аз ҳамкорие, ки тарафҳо дар ин ё он бахшу соҳаҳо анҷом медиҳанд, бояд ҳар ду ҷониб манфиатдор бошанд.
Мусоҳибон ҳамчунин дар бораи имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохторӣ ва истеҳсолот, тиҷорати кишоварзӣ ва хизматрасонӣ, ривоҷ додани бозори коғазҳои қиматнок, нашр ва барои фурӯш ба бозор ворид кардани коғазҳои қиматноки бонкҳою дигар ширкатҳои истеҳсолӣ, ба роҳ мондани бозори дуюмдараҷаи коғазҳои қиматнок андешаҳои ҷолиб пешниҳод карданд.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо тими ҳайати Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои тасдиқнамудаи соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон бо сарварии роҳбари лоиҳаи тандурустӣ хонум Уэзи Мсиша вохӯрӣ намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи самаранок ба хотири дар муҳлатҳои ба нақша гирифташуда анҷом додани корҳои зарурӣ дар бахши лоиҳаҳои тандурустӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони лоиҳаи номбурда ҳангоми иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда мубодилаи афкор намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки барои ба даст овардани ин ҳадафҳои ба ҷомеа фоидаовар минбаъд ҳамкории мавҷударо тақвият мебахшанд.
Тарафҳо муҳимияти ҷалби маблағҳои иловагии грантиро барои самаранок татбиқ намудани лоиҳаи мазкур бори дигар таъкид карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






