Бо пешниҳоди Президент се аъзои КМИР бозхонд карда шуд
Душанбе, 28.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Бо пешниҳоди Президенти кишвар ваколати се аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат қатъ карда шуд. Дар иртибот ба ин 28 октябр вакилони Маҷлиси намояндагон вобаста ба ин масъала қарорҳои дахлдор қабул карданд. Тибқи қарори палатаи поёнии Парлумони кишвар Вера Наимова, Ҷамолиддин Маҳмудов ва Акбаралӣ Сатторов аз ҳайати КМИР бозхонд шуданд. Бояд зикр кард, ки се аъзои КМИР бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла Вера Наимова бо сабаби ҳиҷрат ба хориҷи кишвар, Ҷамолиддин Маҳмудов бо ҷурми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ба муҳлати панҷ сол аз озодӣ маҳрум гардидааст ва Акбаралӣ Сатторов бинобар марги нобаҳангом аз ҳайати КМИР бозхонд гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






