Боркашонӣ бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 2,8 фоиз зиёд шуд
Душанбе, 24.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар нуҳ моҳи соли 2015 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 58027,9 ҳазор тонна бор кашонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 фоиз зиёд аст.
Бо нақлиёти истифодаи умум 12571,3 ҳазор тонна бор кашонда шудааст, ки 21,7 фоизи бори умумии дар ҷумҳурӣ кашондашударо ташкил медиҳад, бо нақлиёти автомобилии вазорату идораҳо 14818,7 ҳазор тонна (25,5 фоиз), бо нақлиёти соҳибкороне, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 29788,6 ҳазор тонна (51,3 фоиз), бо нақлиёти байналмилалӣ 849,3 ҳазор тонна (1,5 фоиз) бор кашонда шудааст.
Таносуби боркашонии нақлиёти автомобилӣ дар ҳаҷми умумии боркашонӣ 92,4 фоизро ташкил дод.
Дар нӯҳ моҳи соли 2015 бо нақлиёти роҳи оҳан 4415,9 ҳазор тонна бор кашонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 91,0 фоиз ва бо нақлиёти ҳавоӣ 1,6 ҳазор тонна бор кашонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83,1 фоизро ташкил дод.
Гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар нӯҳ моҳи соли 2015 ба 4715,4 млн.т.км расид ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 фоиз кам шудааст.
Дар нуҳ моҳи соли 2015 бо ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофирбар 421,9 млн. мусофир кашонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 фоиз зиёд шудааст.
Аз шумораи умумии мусофирони кашондашуда, бо нақлиёти истифодаи умум 129,5 млн. мусофир ё 30,7 фоизи ҳаҷми умумии мусофирбарӣ анҷом дода шудааст ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми мусофирони кашондашуда 9,1 фоиз афзудааст.
Бо нақлиёти автомобилӣ (бе назардошти нақлиёти таксомоторӣ) дар давраи ҳисобот 410,6 млн. мусофир кашонда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 101,3 фоизро ташкил медиҳад.
Бо нақлиёти барқӣ дар нӯҳ моҳи соли 2015-ум 6953,5 ҳазор мусофир кашонда шудааст, ки ба сатҳи ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад.








Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид






