Борон мешавад!
Душанбе, 09.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба хабари мутахассисони ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои пешорӯи истироҳат ҳавои ҷумҳурӣ каме сард шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар кӯҳсор борони сел мешавад.
10 ва 11 октябр борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, ҳарорати ҳаво 2 — 3 дараҷа паст мешавад. Дар ин рӯзҳо ҳаво дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабона 8 — 13 дараҷа ва рӯзона 26 — 28 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво тағйир намеёбад.
Ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд шабона 8 — 13 дараҷа, рӯзона 24 — 25 дараҷа, дар ғарби ВМКБ шабона 7 — 12 дараҷа, рӯзона 19 — 24 дараҷа гарм, дар шарқи он шабона 0 — 5 дараҷа сард, рӯзона 7 — 12 дараҷа гарм, дар шаҳри Душанбе шабона 9 — 11 дараҷа ва рӯзона 27 — 28 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






