Боздиди ҳайати Чувашистон аз вилояти Суғд

Октябрь 29, 2015 06:50

Хуҷанд, 29.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳайати Чувашистони  Федератсияи  Русия  бо  роҳбарии раиси Ассотсиатсияи  миллии «Ватан» — и  тоҷикистониён  воқеъ  дар  шаҳри  Чебоксари Александр  Козлов  барои  барқарор  намудани равобит  ва  шиносоӣ бо  фаъолияти  корхонаҳои  саноатии  вилояти  Суғд ба  шаҳри  Хуҷанд   омад. Ҳайати  мазкур  дар  ҷараёни  мулоқот  бо  роҳбарияти  Палатаи  савдо  ва  саноати  Суғд  вазъу дурнамои   ҳамкории  дуҷонибаи  тиҷоратию иқтисодиро   муҳокима  намуд. Зикр  шуд, ки  ҳар  ду  тараф ҷонибдори  таҳкими  минбаъдаи  ҳамкорӣ   хусусан  дар  бахши  энергетика  мебошанд.
Ҳайати   Чувашистон  бо   самтҳои  асосии   ҳамкории  имконпазир  ва   лоиҳаҳое, ки  мақсад  аз онҳо рушди  бахши инфиродӣ,  беҳдошти  сохтори  маҳаллӣ, дастгирии  сармоягузорон,  густариши  бахши  сайёҳӣ ва косибӣ  мебошад, шинос  шуд.
Аз  рӯи  натиҷаи  мулоқоти байни Палатаи  савдо  ва  саноати  Суғд  ва Ассотсиатсияи   миллии «Ватан» — и  тоҷикистониён  ёддошти рушди  ҳамкории  иқтисодию  тиҷоратӣ  ба  имзо  расонида  шуд.

Октябрь 29, 2015 06:50

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд